Коҳиши назарраси ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон

Зимни баррасии иҷрои буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон дар парлумон сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Гурез Зарифов изҳор кард, ки дар ин давра ба Тоҷикистон ҳудуди 334 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124 ҳазор тонна камтар аст. Сабаби коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни баррасии иҷрои буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон дар парлумон сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Гурез Зарифов изҳор кард, ки дар ин давра ба Тоҷикистон ҳудуди 334 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124 ҳазор тонна камтар аст.

Сабаби коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ дар ин давра ва боло рафтани қимати маводи сӯзишворӣ дар ҷумҳуриро номбурда ба аз ҷониби Русия дар соли гузашта ҷорӣ сохтани боҷи гумрукӣ ба содироти маҳсулоти нафтии сафед ба Тоҷикистон марбут медонад, ки ҳамчунин ба кам шудани ҷамъоварии пардохтҳои иловагии гумрукӣ дар ҳаҷми 121 млн. сомонӣ боис гардидааст.

«Омили дигари коҳиши ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ афзоиши воридоти маҳсулоти имтиёзнок нисбат ба маҳсулотест, ки андозбандӣ мешаванд ва дар ин давра 73,2% аз ҳаҷми умумии воридотро маҳсулоти имтиёзнок ташкил медиҳанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Зарифов, ҳамчунин як қатор равандҳои мусбати иқтисодии дохилии ҷумҳурӣ низ ба бештар ҷамъоварӣ кардани маблағи пардохтҳои гумрукӣ барои буҷет таъсири манфӣ расониданд.

«Соли равон дар кишвар як қатор корхонаҳо, бахусус корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулот аз хориҷи ҷумҳурӣ мусидат намуданд», – гуфт номбурда.

Бино ба маълумоти сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ 1 млрд. 655 ҳазор сомониро ташкил додаст, ки аз нақша 2,4% ё худ 39 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Номбурда афзуд, дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ ба 1 млрд. 176 ҳазор сомонӣ баробар буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.