Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Вазир оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зироаҳмад Муқбили Усмониро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар мубориза алайҳи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар минтақа ва Лоиҳаи […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Вазир оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зироаҳмад Муқбили Усмониро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар мубориза алайҳи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар минтақа ва Лоиҳаи Барномаи минтақавии мубориза алайҳи маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, ки аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноёт пешниҳод гардидааст, баррасӣ шудаанд.

Ба иттилои мнбаъ, дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффори Орзу ва Сардори Намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноёт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Жан Люк Лемайе низ ҳузур доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.