Баррасии масоили барқарор кардани хатсайри ҳавоии Душанбе-Деҳлӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷиро бо хоҳиши ҷониби ҳиндустонӣ ба ҳузур пазируфт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустонро дар соҳаҳои маориф, илму техника, савдо, сармоягузорӣ ва барқарор […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷиро бо хоҳиши ҷониби ҳиндустонӣ ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустонро дар соҳаҳои маориф, илму техника, савдо, сармоягузорӣ ва барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, шурӯъ аз соли 2001 ширкати ҳавопаймоии миллии Тоҷикистон мунтазам аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Деҳлӣ парвозҳо анҷом медод. Аммо бинобар худкифо набудан, соли 2006 парвозҳо бо ин хатсайр боздошта шуданд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон соли 1992 роҳандозиву барқарор шуданд. Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон аз соли 1994 амал карда, сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон соли 2003 ифтитоҳ гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.