Дар Суғд тоҷирони вилояти Свердловски Русияро интизоранд

Бахтиёр Валиев


Соҳибкорони вилояти Свердловски Русия рӯзҳои 29-30-юми октябр ҷиҳати боздид аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба Хуҷанд меоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Хосият Комилова хабар дод, ба ҳайати Русия намояндагони корхонахои вилояти Свердловск дар ҶТ А. Осипов, ширкати холдинги «AES GROUP», ҶДММ «Остров», «Стройтехнология 2000» ва «Форатек» шомиланд.

Дар рӯзи аввали сафар вохӯрии расмии ҳайат бо мақомоти раҳбарии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва шиносоӣ бо субъектҳои минтақа ба нақша гирифта шудааст. Рӯзи дуюм дар маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» масъалаҳои имконоти самтҳои имконпазири роҳандозии ҳамкорӣ, омодагирӣ ва имзои протоколҳо миёни намояндагони ширкатҳои русиягӣ ва маъмурияти минтақа баррасӣ мешаванд.

«Айни замон дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 16 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки корхонаҳои ватанӣ ва муштарак бо иштироки сармояи туркӣ, чиноӣ, покистонӣ, лаҳистонӣ, кипрӣ, белорусӣ ва русиягӣ мебошанд. Ҳаҷми умумии сармоягузории ин корхонаҳо 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар минтақа корхонаҳои русиягӣ маснӯъоти таҳкимбахшӣ барои сохтмон ва пойгоҳҳои обии барқӣ истеҳсол мекунанд», – зикр кард Комилова.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...