Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркия

Date:


Чанде қабл дар шаҳри Истанбул вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Аҳмет Довудоглу баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазоарти корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, мавзӯи асосии мулоқот масъалаи Афғонистон, мӯътадилсозии вазъ дар ин кишвар, барқарорсозии ҳарчи зудтари иқтисодиёт ва ҷалби тамоми кишварҳои минтақа ба ин раванд буд.

Ба иттилои манбаъ, Аҳмет Довудоглу ба ҳамсӯҳбати худ оид ба саҳми Ҷумҳурии Туркия, ки ба рушди Афғонистон, эҳёи он ва пуштибонии сулҳ дар ҳудуди ин кишвар нигаронида шудааст иттилоъ дод.

Вазири корҳои хориҷии Туркия аз иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар кори Конфронс ба Ҳамрохон Зарифӣ изҳори сипос кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ баррасӣ гардиданд. Аҳмет Довудоглу афзоиши гардиши молу колоро дар соли ҷорӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон бо қаноатмандӣ арзёбӣ намуд.

 Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ҳамтои худро барои сафар ба Тоҷикистон даъват сохт. Аҳмет Довудоглу, дар навбати худ, даъвати Ҳамрохон Зарифиро пазируфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related