Мулоқоти вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо сафири Чин

Date:


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой Фан Сянжун мулоқот кард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо мавзӯи барқарорсозии сулҳу суботро дар Афғонистон: Конфронси Истанбул (2 ноябри соли 2011) ва ҳуҷҷати хотимавии он, баргузории Конфронси Бонн (5 декабри соли 2011) баррасӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳуҷҷати хотимавии Конфронси Истанбулро пурра ҷонибдорӣ намуда, ҳар пешниҳоде, ки манфиатҳои Афғонистонро дар бар мегирад, қобили дастгирӣ мешуморад.

Зимнан зир гардид, ки ҳангоми мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии амалиётҳои мушаххаси барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии Афғонистонро муҳокима карданд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related