Таъсиси ситоди шабонарӯзии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия

Date:


Дар робита ба рӯйдодҳои ахир ва маҳз афзудани таҳдидҳои созмону ташкилотҳои ғайрирасмии Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд ва баргузории гирдиҳамоиву намоишҳои ғайриқонунӣ дар назди бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва бинои хадамоти консулгарӣ, ҷиҳати расидагии саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва расонидани кумаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти онҳо, дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ситоди шабонарӯзӣ таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ситод баҳри танзиму ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони сафоратхона ва намояндагиҳои дахлдори Тоҷикистон ташкил ёфта, ба он сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев роҳбарӣ мекунад.

Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз ҳамаи шаҳрвандон ва созмонҳои ҷамъиятии кишвар даъват ба амал меоварда, ки зимни зарурат ба ситод муроҷиат намоянд ё бо телефонҳои зерин занг зананд:

Достией Абдулмаҷид Салимович – сафири Тоҷикистон дар Русия: +7 (495) 690-41-86,  690-38-46;

Назаров Тӯрабев Камолович – мушовир: +7 926-203-70-86

Рашидов Сулаймон Сатторович – мушовир: +7 925-74-82-47

Ғаниева Садбарг Бурҳоновна – консул: +7 926-192-13-44

Одинаев Асрор Тошматович – намояндаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ФР: +7 925-880-80-38

Яқубова Шарифа Азамовна – котиби аввал: +7 916-874-48-27

Бӯрибоев Мурод Хайруллоевич – котиби матбуотӣ:  +7 926-839-27-16

Назиров Баҳодур Тошматович – котиби дуюм +7 925-879-40-20

Файзуллоев Манучеҳр – котиби сеюм: +7 917-550-29-93

Абдушукуров Абдусамад Абураҳмонович – атташе:  +7 910-416-75-54

Асламов Муродбек  Раҷабалиевич – атташе: +7 929-662-85-57

Зайнидинов Хуршед Нуридинович – мутахассис: +7 926-349-33-28

Мирзоев Саидмухтор Маҳмудович – муов. Сардори Намояндагии ХМ назди ҳукумати ҶТ дар Русия: +7 906-724-02-02.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароида, Маскав изҳор кард, ки чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...