Ҳисоботи телефонии раисони як қатор вилояту шаҳру навоҳӣ ба президент

Ба Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Данғара доир ба омодагӣ ба зимистон ва  рафти киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мавриди омодагӣ ба зимистон таваҷҷуҳи зиёд ба захираи маводи сўхт дар муассисаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии […]

ASIA-Plus


Ба Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Данғара доир ба омодагӣ ба зимистон ва  рафти киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мавриди омодагӣ ба зимистон таваҷҷуҳи зиёд ба захираи маводи сўхт дар муассисаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкили кори бонизоми онҳо дар мавсими сардӣ зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда  ва ҳамчунин доир ба вусъат додани киштукори тирамоҳӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи ахбори раиси вилояти Суғд киштукори тирамоҳӣ дар ҳудуди ин вилоят бояд то 15 ноябр ба анҷом расад. Дар вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ, тибқи ахбори роҳбарони онҳо, ин кор босуръат идома дорад.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои сари вақт анҷом додани киштукори тирамоҳӣ аз обу ҳавои мусоид  ва ҳар як рўзи офтобӣ пурсамар истифода баранд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.