Мақомоти додситонии вилояти Хатлон ба унвони додгоҳи вилоятӣ нисбат ба ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа бобати парвандаи ду нафар халабонон – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко, ки дар он ин шаҳрвандон ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум шуданд, эътироз ирсол намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи назорат аз болои мақомоти додгоҳии додситонии вилояти Хатлон Шоҳрух Раҷабов хабар дод, мақомоти додситонии вилоят ҳукми содиршуда нисбат ба ду нафар халабонон аз ҷониби додгоҳи Қӯрғонтеппаро басо сангин мешуморад.
«Бо назардошти шахсият ва табаъаи кишварҳои шарики стратегии Тоҷикистон будани ин шаҳрвандон, мақомоти додситонии вилоят аз додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа дархост кард, ки ҳукм нисбат ба халабонон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко сабуктар карда шавад», – гуфт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароида, Маскав изҳор кард, ки чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.
Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.


