Кумаки ИМА ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон дар ҳаҷми 35 млн. $

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқоли лавозимоти тиббиро ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 35 млн. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намуд, ки ин бузургтарин ҳамлу нақли алоҳида аз соли 2001 то инҷонибро ташкил медиҳад. Доруворӣ ба таври ройгон ба бемористон ва муассисаҳои тиббӣ саросари Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафири […]

ASIA-Plus


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқоли лавозимоти тиббиро ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 35 млн. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намуд, ки ин бузургтарин ҳамлу нақли алоҳида аз соли 2001 то инҷонибро ташкил медиҳад. Доруворӣ ба таври ройгон ба бемористон ва муассисаҳои тиббӣ саросари Тоҷикистон тақсим карда мешавад.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафири ИМА Кен Гросс дар маросими тақдими лавозимоти тиббӣ ба  касалхонаи бемориҳои сирояткунандаи шаҳри Душанбе ширкат намуд. Кӯмак аз доруворӣ ба маблағи миллионҳо доллар барои мубориза бо касалии гепатити С, антибиотикҳо ва инчунин доруворӣ барои касалиҳои онкологӣ, дил ва рӯҳӣ иборат буд. Ин доруҳо байни дармонгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, ва ҳамчунин вилоятҳои Хатлон ва Суғд тақсим карда мешаванд.

Ширкатҳои хусусии ИМА ва бахшҳои амрикоии ширкатҳои байналмилалии дорусозӣ, аз ҷумла GlaxoSmithKline, Abbott, Lundbeck, Merck, Hospira ва Allergan доруҳоро ҳадя намуданд ва Департаменти давлатии ИМА ҳамлу нақли онро таъмин намуд. Лоиҳаи ҲОУП («Имконияти тандурустӣ барои мардум дар тамоми  ҷаҳон») дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ касалхонаҳои ба кӯмаки тиббӣ бештар ниёз доштаро интихоб карда, тақсимоти лавозимотро ҳамоҳанг намуд.  

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ ин чорумин кӯмаки лоиҳаи ҲОУП ба Тоҷикистон аст. Лоиҳаи ҲОУП созмони байналмилалӣ дар соҳаи беҳдошти саломатӣ буда, дар Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб фаъолият дорад. Лоиҳаи ҲОУП ба Тоҷикистон маводу таҷҳизоти тиббиро ба маблағи умумии 322 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва ёрии башардӯстона ҷихати кӯмак ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон маблағи беш аз 984 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.