Думаи Давлатӣ Тоҷикистонро ба бознигарии ҳукми халабонон даъват мекунад

Ҳамаи фраксияҳои Думаи Давлатии Русия қабули изҳорот дар бораи аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кардани бознигарии ҳукми ба мӯҳлати 8,5 сол ба зиндон маҳкум шудани халабонони ҳавопаймоҳо –  шаҳрванди Русия Александр Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ҷонибдорӣ намуданд, – менависад Интерфакс. «Вакилони Думаи Давлатии Русия ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ шуморида, бар […]

ASIA-Plus


Ҳамаи фраксияҳои Думаи Давлатии Русия қабули изҳорот дар бораи аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кардани бознигарии ҳукми ба мӯҳлати 8,5 сол ба зиндон маҳкум шудани халабонони ҳавопаймоҳо –  шаҳрванди Русия Александр Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ҷонибдорӣ намуданд, – менависад Интерфакс.

«Вакилони Думаи Давлатии Русия ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ шуморида, бар ин назаранд, ки он ба моҳияти муносиботи ҳамкории шариконаи стратегӣ миёни Русияву Тоҷикистон мухолиф аст», – омадааст дар лоиҳаи ин изҳорот.

Тавре дар аснод зикр мегардад, В.Садовничий ва А.Руденко дар содир намудани ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон ва нақзи қоидаҳои парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста шудаанд.

«Халабонон аз рӯйи инсоф ин айбҳоро рад месозанд, зеро ҳангоми бозгашт аз Афғонистон ба Русия бо транзит тавассути қаламрави Тоҷикистон маҷбур буданд, ки бинобар  нигаронӣ аз нокофӣ будани маводи сӯхт ба фурудгоҳи маҳаллӣ фуруд оянд», – таъкид месозанд вакилони Дума.

«Моҳияти аслии изҳороти мо дар он ифода меёбад, ки ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро беасос мешуморем ва ба ҳукуматдорони Тоҷикистон пешниҳод менамоем, ки ин ҳукм бознигарӣ шавад», -менависад РИА Новости бо такя ба суханони раси палата Борис Гризлов.

Лоиҳаи изҳоротро, ки дар он дар бораи дорои ангезаи сиёсӣ будани ҳукм сухан меравад, ба баррасии палатаи поёнии парлумон фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия пешниҳод кард. Кумитаи дахлдори Думаи Давлатӣ оид ба умури ИДМ аллакай ҷонибдории худро ба қабули ин санад изҳор кард.

Дар ҳамин ҳол, суди шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ба халабонони хавопаймоҳои ширкати «Rolkan Investments Ltd» – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко ҳукми 8,5 соли зиндон содир намуда буд, парвандаи мазкурро ҷиҳати бознигарӣ ба зинаи болоӣ – Ҳайати мушовараи додгоҳи вилояти Хатлон ирсол кард.

Чанде қабл мақомоти додситонии вилояти Хатлон нисбат ба ин ҳукм эътироз оварда, онро басо сангин унвон кард ва изҳор дошта буд, ки он ба манфиатҳои кишварҳои шарикони стратегии Тоҷикистон, ки маҳкумшудагон шаҳрвандони ин давлатҳоянд, ҷавобгӯ нест.

«Мӯҳлати эълони натиҷаҳои бознигарии парванда ҳанӯз маълум нест», – гуфт як манбаъ аз додгоҳи вилояти Хатлон.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.