Даргузашти журналисти маъруфи тоҷик Ҷумъабой Толибов

Субҳи имрӯз пас аз бемории начандон тӯлонӣ журналисти маъруфи тоҷик Ҷумъабой Толибов дар синни 52-солагӣ дар манзилаш, ки дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд воқеъ аст,аз олам даргузашт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд, маросими ҷаноза ва ба хок супурдани ӯ пагоҳ дар зодгоҳи рӯзноманигор – деҳаи […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз пас аз бемории начандон тӯлонӣ журналисти маъруфи тоҷик Ҷумъабой Толибов дар синни 52-солагӣ дар манзилаш, ки дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд воқеъ аст,аз олам даргузашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд, маросими ҷаноза ва ба хок супурдани ӯ пагоҳ дар зодгоҳи рӯзноманигор – деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ баргузор мешавад.

Ахири моҳи сентябр АМВАОМТ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Медиа Алянси Тоҷикистон ба ҷомеаи рӯзноманигорон муроҷиат карда, дархост карданд, ки ба Ҷумъабой Толибов кумаки модди расонанд, зеро ӯ ба табобати ҷиддӣ ниёз дошт.

Толибов Ҷумъабой Ҷӯраевич (Ҷумъаи Толиб) 25-уми январи соли 1960 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд. Соли 1979 ба Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (факултети журналистика) дохил шуда, соли 1984 таҳсилро ба анҷом расонидааст.

Аз соли 1989 то 1994 дар Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (факултети ҳуқуқшиносӣ) таҳсил кардааст. Солҳои 1984-1994 дар газетаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба шуда кор кардааст. Солҳои 1994-1995 сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд. Солҳои 1995-1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан». Солҳои 1998-2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи Ҳукумати ноҳияи Айнӣ. Дар натиҷаи нашри мақолаҳои интиқодӣ нисбат ба мақомоти қудратӣ 8 моҳ зиндонӣ шуд. Пас аз он боз ба рӯзноманигорӣ баргашт. Солҳои 2004-2005 мухбири махсуси Маркази тадқиқоти журналистӣ дар водии Зарафшон. Солҳои 2005-2006 директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистӣ. Солҳои 2007-2008 директори Оҷонсии иттилоотии «Зарафшон-таймс».

Аз соли 2008 директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ҳамзамон, аз моҳи марти соли 2009 сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» буд.

Аз соли 1987 узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон. Аз соли 1984 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.