Хайруллоеву Сердюков қазияи халабонони маҳкумшударо баррасӣ карданд

Дар доираи баргузории ҷаласаи 61-уми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Алмаато мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои низомиву техникии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ба суоли вазири мудофиаи […]

Аваз Юлдошев


Дар доираи баргузории ҷаласаи 61-уми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Алмаато мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои низомиву техникии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Ба суоли вазири мудофиаи Русия дар бораи қазияи халабони маҳкумшудаи рус Владимир Садовничий дар Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев посух додааст, ки «масъалаи мазкур таҳти назорати шахсии президенти Тоҷикистон қарор дорад», – гуфт сухангӯи вазорат.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Русия, Хайруллоев ба ҳамтои русиягии худ изҳор кардааст, ки аз президенти Тоҷикистон дар бораи «ба таври мусбат» ҳал кардани масъалаи халабони руси дар Тоҷикистон маҳкумшуда дастур гирифтааст.

Интерфакс менависад, дар навбати худ Анатолий Сердюков аз вазири мудофиаи Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати озод кардани халабони рус чораҳои амалӣ андешида шавад.

Ба гуфтаи Маҳмадалиев, дар чаҳорчӯби ҷаласаи мазкур Шералӣ Хайруллоев ҳамчунин бо ҳамтоҳои худ аз Қазоқистон, Украина ва Озарбойҷон низ дидору гуфтушунид кард. «Дар мулоқот бо вазири мудофиаи Украина масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни вазоратҳо ва дар вохӯрӣ бо вазирони мудофиаи Қазоқистону Озарбойҷон масъалаи имзои нақшаи амалу чорабиниҳои вазоратҳои мудофиаи кишварҳо барои соли 2012 баррасӣ шуданд», – изҳор кард сухангӯйи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласи 61-уми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ беш аз бист масоили марбут ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи низомии кишварҳо матраҳ шуданд. Аз ҷумла, аз фаъолияти мақомоти кории Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар соли равон натиҷагирӣ шуда, атрофи таҳияи нақшаи корӣ барои соли 2012 табодули афкор сурат гирифт.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.