Бознигарии парвандаи ҷиноии халабонони маҳкумшуда

Date:


Пагоҳ, 22-юми ноябри соли 2011, дар додгоҳи вилояти Хатлон парвандаи ду халабони маҳкумшуда – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко, ки аз ҷониби додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба 8,5 соли зиндон ҳар кадоме маҳкум шуданд, бознигарӣ мешавад.

Тавре адвокати маҳкумшудагон Ғулом Бобоев хабар дод, имрӯз ба ҷониби ҳимоя ва маҳкумшудагон мактубе расидааст, ки дар он аз дар санаи 22-юми ноябр, соати 9:00-и субҳ бознигарӣ шудани парванда хабар дода мешавад. Парванда дар асоси шикояти кассатсионии маҳкумшудагон ва эътирози мақомоти додситонии вилояти Хатлон бознигарӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод.   

2 КОММЕНТАРИИ

  1. Дар бораи бахси халабонхо

    Ман тамоан хайрон, чаро парвандаи халабон бозингари мешавад? Онхоро бо таври конуни ва хаккони равонаи зиндон намуданд, чоро боз парвандаи онхо бознигари мешудааст а? Боз масъалаи дигар пеш меояд, мутобики конститутсия Чумхурии Точикистон, макомоти Судии ЧТ, мустаки фаъолияти хешро пеш мебарад. Пас барои чи ки ин халабонхоро суд равонаи зиндон намудаасту президент дахолат мекунад? Агар ин ду халабон озод карда шавад, тамоман ба имичи давлати мо зарбаи сахт ворид мегардад ва бояд чониби давлат хаматарафа масъаларо барраси карда карор кабул кунанд, аз хамин лихоз ман шахсан бахри галабаи хакикат мебошам.

  2. Дар бораи халабонхо.

    Пеш аз инкорро кардан бояд як фикри чукуре мекардан баъд ба ин кор даст мезадан !Ки ба халки бечора зарараш намерасид .Халабонхоро чавоб додан ин ягон мавкеи сиеси худро Россия дигар намекунад то имруз чабр буд дар сари мухочирин ин мемонад боз бад тар мешавад !

Leave a Reply to Shahrinav Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...