Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз кӯшиши интиқоли навбатии як миқдор маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, чанде пеш кормандони раёсати агентӣ дар вилояти Суғд зимни азназаргузаронии мусофирони хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Маскав ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини шаҳри Чкаловскро боздошт намуданд, ки қаблан низ барои авбошӣ маҳкум шуда будааст.
«Ин шахс ба озодӣ баромада, барои худ ҳеҷ хулосае ҳосил накардааст ва боз даст ба ҷиноят зад. Ин дафъа ӯ ният дошт, ки дар дохили меъдааш 57 адад капсулаи махсуси дорои маводи мухаддири сахттаъсири героинро ба Русия интиқол диҳад. Вазни умумии маводи мухаддири мавҷуда дар капсулаҳо ҳудуди 250 граммро ташкил дод», – гуфтанд дар агентӣ.
Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289, қ. 2 (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.


