Суди олии Тоҷикистон ҳукм нисбат ба хабарнигори осиёимиёнагии хабаргузории Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмоновро, ки аз ҷониби суди вилояти Суғд содир шуда буд, бетағйир боқӣ гузошт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баррасии шикояти кассатсионии журналист суд ба хулосае расид, ки ҳукми аз ҷониби зинаи поёнӣ содиршуда боадолатона аст.
Ёдрас мекунем, ки Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори осиёимиёнагии Би-Би-Си дар таърихи 14-уми октябри соли равон дар хабар надодан ба мақомот дар бораи содир шудани ҷиноят айбдор дониста шуда, ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Бо истифодаи қонуни афв ӯ аз толори додгоҳ озод карда шуд.
Ӯрунбой Усмонов он замон изҳор карда буд, ки худро гунаҳкор намешуморад. «Дар ҷараёни мурофиаи судӣ робитаи ман ба фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» исбот нашуд ва он айбномаҳое, ки тафтишот ба ман пешниҳод карда буд, низ тасдиқи худро наёфтанд», – гуфта буд рӯзноманигор зимни мурофиаи судӣ.
Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ боздошт шуда буд. Пас аз як моҳ ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда шуд.
Пас аз эълони ҳукм роҳбари барнмаи умумиҷаҳонии Би-Би-Сӣ Питер Хорокс изҳор кард, ки корпоратсия кӯшишоти худро ҷиҳати барқарор сохтани шаъну шарафи рӯзноманигори худ идома хоҳад дод.


