Эмомалӣ Раҳмон олимони олмониро бо орден қадрдонӣ кард

Date:


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин бо намояндагони сершумори ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва донишҷӯёни тоҷики муқими Олмон мулоқоти судманд анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои намоёни Тоҷикистони навин дар замони истиқлолияти давлатӣ, ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо аксари кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон ва ба рушди ҳамкории фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва ҳам иқтисодӣ даъват намуд.

Аз донишҷўёни тоҷик даъват карда шуд, ки аз имконоти фарохи донишандўзӣ дар Олмон, ки аз пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон аст, ба хубӣ истифода намуда, мутахассисони хуб шаванд ва оянда ба халқу Ватани худ хизмати шоиста кунанд.

Аз намояндагии ҷамъияти Тоҷикистону Олмон, ки зиёда аз 100 нафар тоҷику тоҷикистонии муқими ин кишварро фаро гирифтааст ва олимони аврупоии тоҷикшинос даъват карда шуд, ки соли оянда ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар таҷлили навбатии ҷашни байналмилалии Наврўз ширкат варзанд.

Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлат бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар аз олимони машҳур – профессор Манфред Лоренс, профессори Донишгоҳи ҳумруки Берлин Лутс Жеҳак  ва устоди забони форсии Донишгоҳи дигари Берлин Ғулом Ҷелонии Доварӣ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон – Ордени Дўстӣ сарфароз гардонда шуданд.

Сипас профессор Манфред Лоренс китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» – ро, ки ба тозагӣ дар Берлин бо забони олмонӣ тарҷума ва нашр гардидааст,  ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд.

 Тавре зикр гардид, кунун барои мардуми Олмон, ки ба фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон ва имконоти ҳамкорӣ бо Тоҷикистони навин таваҷҷуҳи хос доранд,  имкони нав ба миён омад, ки бо таърихи мухтасари ин миллати куҳантамаддун бо забони модарии худ шиносоии бештар пайдо кунанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доктор ғулом ҷелонии Доварӣ ва ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Лайло Шарипова суханронӣ намуда, доир ба густариши робитаҳо ва рушди ҳамкории судманд пешниҳодҳои муфид ба миён гузоштанд. Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки дар Аврупо як Пажўҳишгоҳи илмии тоҷикшиносӣ ва як шабакаи байналмилалӣ бо номи Садои Тоҷикон таъсис дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти мулоқот изҳор дошт, ки ин ва дигар пешниҳодҳои судбахш мавриди омўзишу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт ва изҳори боварӣ намуд, ки сафари расмии ў ба ҷумҳурии Федеролии Олмон ва мулоқотҳои сершумораш ба рушди муносиботи ду кишвар ва боло бурдани нуфузи ҳамзабонону ҳамватанони мо, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд, такони ҷиддӣ мебахшад.

Базми бошукӯҳи рақсу суруди тоҷикӣ дар шаҳри Берлин анҷомбахши ин мулоқоти судманд гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...