Шиносоии дипломати норвегӣ бо вазъи мубориза зидди мухаддирот дар Тоҷикистон

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ҷониби Норвегия мулоқоти Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даг Малмер Халворсен доир гардид. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, ҷаноби Ҳалворсен ба вазъи вобаста ба мухаддирот дар Тоҷикистон ва Афғонистон […]

ASIA-Plus


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ҷониби Норвегия мулоқоти Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даг Малмер Халворсен доир гардид.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, ҷаноби Ҳалворсен ба вазъи вобаста ба мухаддирот дар Тоҷикистон ва Афғонистон мароқ зоҳир намуд.

Ба иттилои манбаъ, директори Агентӣ Сафири Норвегияро бо вазъи мухаддиротӣ дар минтақа, фаъолияти Агентӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ шинос намуда, ба пуштибонии Ҳукумати Норвегия аз мубориза бо маводи мухаддир баҳои баланд дод.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯрӣ пешниҳодҳо дар заминаи ҳамкориҳо дар доираи САҲА, ҳамчунин самтҳои ҷудогонаи фаъолиятҳо бо Ҳукумати Норвегия ироа шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.