Мусодираи 40 кило маводи мухаддир дар зарфи як шабонарӯз

Дар зарфи як шабонарӯз кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳудуди 40 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД ҶТ, полковники милиса Мансур Бухориев хабар дод, шоми рӯзи сешанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа ронандаи автомашинаи «Опел-Астра», сокини 26-солаи ноҳияи Шӯробод Муҳаммад Ӯлмасов ба огаҳии […]

Аваз Юлдошев


Дар зарфи як шабонарӯз кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳудуди 40 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД ҶТ, полковники милиса Мансур Бухориев хабар дод, шоми рӯзи сешанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа ронандаи автомашинаи «Опел-Астра», сокини 26-солаи ноҳияи Шӯробод Муҳаммад Ӯлмасов ба огаҳии кормандони милиса дар бораи манъи мошин эътибор надода, суръати ҳаракати мошинро афзуд ва дар кӯчаи дигар ба садама дучор шуд. «Ӯ дар ҷойи ҳодиса автомобил, ҳуҷҷатҳо ва телефонашро гузошта, паноҳ бурданӣ буд, вале боздошт шуд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз пинҳоноҳи махсус беш аз 35 кило мавод мухаддири гурӯҳи каннабис дарёфт ва мусодира карда шуд.

Худи ҳамон рӯз дар қаламрави фурудгоҳи пойтахт ба гумони даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир дар дохили меъда сокини 40-солаи шаҳри Душанбе Ҳусейн Воҳидов боздошт гардидааст. Ӯ ният дошт, ки дар дохили меъдаи худ 724 грамм маводи сахттаъсири героинро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

Кормандони мақомоти милисаи пойтахт ҳамчунин қаблан маҳкумшуда Мирзоалим Ризоеви 33-соларо боздошт намуданд, ки зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ ҳудуди 1 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.