Имзои се санади ҳамкории нав миёни Тоҷикистону Олмон

Нимаи дуюми рӯзи 13-уми декабр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисод ва технологияи Олмон Филин Рёслер мулоқот намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар вохӯрӣ роҳу василаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуд.  Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми маблағҳои аз ҷониби Олмон ба дастгирии […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 13-уми декабр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисод ва технологияи Олмон Филин Рёслер мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар вохӯрӣ роҳу василаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуд.

 Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми маблағҳои аз ҷониби Олмон ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равонагардида дар 15 соли охир  ба зиёда аз 130 миллион евро расидааст.

Ҳарду ҷониб ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди захираҳои минералӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин рушди туризми экологӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

Сипас дар ҳузури сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Муовини Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисод ва технологияи Олмон Филин Рёслер, ки ҳамчунин раиси ҳизби лебералӣ-демократӣ ва яке аз пешвоёни сиёсии ин кишвар аст, 3 санади нави зарини ҳамкорӣ ба имзо расид:

– Баёнияи якҷоя оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Федералии Олмон;

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии энергетикии «Dena» -и Олмон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии  ҷумҳурии Федералии Олмон оид ба ҳамкории илмию техникӣ дар соҳаи илмҳои геологӣ ва захираҳои табиӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.