Имзои 7 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Украина

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафар ба Олмон бо сафари расмӣ ба Украина ташриф овард. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович баррасӣ шуд. Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафар ба Олмон бо сафари расмӣ ба Украина ташриф овард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Украина дар соли 2010 ба 200 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2009  65% зиёд аст ва имсол низ ин тамоюл идома дорад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, қабл аз ҳама гидроэнергетика ҳамоно аз самтҳои афзалиятдори ҳамкории иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид, зеро 90% дастгоҳҳои техникии нерўгоҳҳои обии Тоҷикистон дар Украина сохта шудаанд.

Ҳарду ҷониб ба ҷалби сармоягузорони Украина ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла доир ба таҷҳизоти гуногуни барқӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Ба тариқи лизинг пешниҳод шудани техникаи кишоварзӣ, қатораҳои роҳи оҳани Украина ва иштироки ин кишвар, аз ҷумла доираҳои соҳибкории хусусии он дар бунёди хатҳои нави роҳи оҳан дар Тоҷикистон матлуб дониста шуд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва туризм низ аз самтҳои муҳими муносиботи ду кишвар маънидод шуд.

Ба ифтитоҳи филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Украина дар Тоҷикистон ва мубодилаи устодону донишҷӯён ва олимони ду кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироии минтақавию байналмилалии ду кишвар, авзои Афғонистон ва роҳҳои барқарорсозии эътидол дар ин кишвар ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Сипас дар ҳузури сарони ду давлат 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

– Баёнияи муштараки Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Украина;

-Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Украина оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот аз 2 апрели соли 2004;

– Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Украина оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳукуматӣ;

– Тафоҳумнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Украина;

– Шартномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Украина;

– Созишнома миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти давлатии вилояти Лугански Украина оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ;

– Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Украина:

Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз Виктор Янукович даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.