Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 4 млрд. $-ро ташкил дод

Дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18,3% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,7 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18,3% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,7 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 101 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 91 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 1 млрд. 153 млн. $-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8,8% ё худ ба миқдори 93 млн. $ бештар мебошад.

Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 2 млрд. 880 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22,6%  ё худ 531 млн. $ бештар аст.

Дар зарфи 11 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти нахи пахта ба миқдори 1,1%, маҳсулоти минералӣ – 3,1 баробар ва металлҳои қимматбаҳо – 2,4 баробар афзуданд.

Аз оғози сол ҳаҷми содироти маснӯъоти текстилӣ ба андозаи 30 %, маҳсулоти ғизойӣ – 41%, маҳсулоти дорои таркиби рустанӣ – 30% ва маҳсулоти минералӣ – 12,1% зиёд шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.