Ноҳияи Рӯдакӣ: Ҳалокати кӯдаки 1-сола дар сӯхтор

Рӯзи аввали соли нав дар ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтор ба амал омада, бар асари он кӯдаки 1-сола ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, сӯхтор дар хонаи сокини ноҳияи мазкур сар зада, оташ 24 метри мураббаъи биноро фаро гирифтааст ва аз дуди ғализ духтарчаи соҳибхона нафасгир шуда, дар бемористон […]

Наргис Ҳамробоева


Рӯзи аввали соли нав дар ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтор ба амал омада, бар асари он кӯдаки 1-сола ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, сӯхтор дар хонаи сокини ноҳияи мазкур сар зада, оташ 24 метри мураббаъи биноро фаро гирифтааст ва аз дуди ғализ духтарчаи соҳибхона нафасгир шуда, дар бемористон фавтидааст.

Ғайр аз ин, ба иттилои манбаъ, рӯзи 31-уми декабр дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон низ дар манзили зисти яке аз сокинони маҳаллӣ сӯхтор ба амал омада, оташ майдони 120 метри мураббаъро фаро гирифтааст. «На танҳо амволи шахсӣ, балки манзили зисти соҳибхона пурра ба тӯъмаи оташ рафтааст», – гуфтанд дар вазорат.

Зикр гардид, ки дар ҳарду маврид ҳам сабаби сар задани оташ истифода нодурусти оташдонест, ки бо ангиштсанг гарм мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.