ВКД: Қатли ҷавони душанбегӣ бар асари ҷанҷоли маъмулӣ содир шудааст

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ изҳор медорад, қатли сокини 24-солаи пойтахт Парвиз Давлатбеков, ки сарулибоси Бобои барфӣ дошт, бар асари як ҷанҷоли маъмулӣ содир шудааст. Сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилооти дар як қатор ВАО интишоршуда дар бораи ҷанбаи мазҳабӣ доштани ҷинояти мазкурро ғайривоқеӣ арзёбӣ кард. «Ҷавонони ба П.Давлабеков […]

Аваз Юлдошев


Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ изҳор медорад, қатли сокини 24-солаи пойтахт Парвиз Давлатбеков, ки сарулибоси Бобои барфӣ дошт, бар асари як ҷанҷоли маъмулӣ содир шудааст.

Сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилооти дар як қатор ВАО интишоршуда дар бораи ҷанбаи мазҳабӣ доштани ҷинояти мазкурро ғайривоқеӣ арзёбӣ кард. «Ҷавонони ба П.Давлабеков дарафтода дар ҳолати мастӣ қарор доштанд», – гуфт намояндаи ВКД.

«Ба ҷуз гумонбаршудагони боздоштшуда дар содир намудани ин ҷиноят – донишҷӯйи соли сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шариф Давлатов ва ҳаммаслакони ӯ – Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев, боз ду нафар ҷавонон, сокинони шаҳри Душанбе низ мавриди ҷустуҷӯ эълон шуданд», – афзуд манбаъ.

Шаби 2-юми январ дар кӯчаи Синои пойтахт сокини 24-солаи шаҳри Душанбе Парвиз Давлатбеков, ки сарулибоси Бобои Барфӣ пӯшида буд, ба қатл расонида шуд. Пас аз ин ҳодиса П.Давлатбеков бо ҷароҳатҳои зиёд аз зарбаи корд ба яке аз беморхонаҳои пойтахт оварда шуд, вале сарфи назар аз кӯшишҳои табибон, ба ҳуш наомада, ҷон додааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.