Хуршед Маҳмудов – футболбози беҳтарини соли 2011

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо натиҷагирӣ аз мусобиқоти соли 2011 футболбозони беҳтарини мамалакатро муайян кард. Дарвози беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2011 дарвозабони 35-солаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими «Истиқлол» Алишер Тӯйчиев дониста шуд, ки ба дарвозааш аз ҳама камтар ҳамагӣ 6 тӯб ворид шудааст. Муҳофизатгари беҳтарин ва сармураббии беҳтарин насиби муҳофизатгар ва сармураббии бозикунандаи дастаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Федератсияи футболи Тоҷикистон бо натиҷагирӣ аз мусобиқоти соли 2011 футболбозони беҳтарини мамалакатро муайян кард.

Дарвози беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2011 дарвозабони 35-солаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими «Истиқлол» Алишер Тӯйчиев дониста шуд, ки ба дарвозааш аз ҳама камтар ҳамагӣ 6 тӯб ворид шудааст.

Муҳофизатгари беҳтарин ва сармураббии беҳтарин насиби муҳофизатгар ва сармураббии бозикунандаи дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Маъруф Рустамов гардид. Таҳти сарварии ӯ соли гузашта дастаи «Равшан» ба медалҳои биринҷии мусобиқоти лигаи олии мамлакат соҳиб шуд.

Унвони нимҳимоятгари беҳтарин ба нимҳимоятгари дастаи мунтахаб ва тими «Регар «ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода Хуршед Маҳмудов сазовор дониста шуд. Ӯ ҳамчунин футболбози беҳтарини мавсими футболи соли 2011-и Тоҷикистон дониста шуд.

Ҳамлагари дастаи «Истиқлол» Юсуф Рабиев бо 32 тӯби задааш дар мусобиқоти нишонзанҳои беҳтарин ғолиб омада, ба ҷоизаи «Беҳтарин ҳамлагари соли 2011» лоиқ дониста шуд.

Соҳиби ҷойизаҳои дигари Федератсияи футболи Тоҷикистон инҳоянд: довари беҳтарин – Раҳмон Муртазоев; «Мураббии беҳтарини кӯдакон – Одил Каримов (Энергетик); беҳтарин футболбози мусобиқоти футболи хурд – Шерзод Ҷумъаев (Вавилон); беҳтарин сармураббии дастаи футболи хурд – Дамир Камалетдинов ва футболбоззани беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2011 – Мадина Фозилова (Ласточка).  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.