Сабти 173 ҳодисаи ишғоли худсаронаи замин дар минтақаи Кӯлоб

Соли гузашта дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 173 ҳодисаи ишғоли худсаронаи қитъаи замин ба қайд гирифта шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Кумитаи минтақавии заминсозии Кӯлоб Тоҳир Саидов хабар дод, ҳамчунин метавон 422 ҳодисаи истифодаи замин бидуни сертификати дахлдор ба онро низ ба қатори ба ин монанд қонуншиканӣ дохил кард, зеро танҳо сертификат […]

Турко Дикаев


Соли гузашта дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 173 ҳодисаи ишғоли худсаронаи қитъаи замин ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Кумитаи минтақавии заминсозии Кӯлоб Тоҳир Саидов хабар дод, ҳамчунин метавон 422 ҳодисаи истифодаи замин бидуни сертификати дахлдор ба онро низ ба қатори ба ин монанд қонуншиканӣ дохил кард, зеро танҳо сертификат ҳуқуқи истифодаи онро медиҳад.

«Дар минтақаи Кӯлоб дар маҷмӯъ дар як сол 818 ҳолати риоя нагардидани қонунгузорӣ дар бораи истифодаи замин ба қайд гирифта шудааст», – гуфт ҳамсӯҳбат ва илова намуд, ки аз ин қитъаҳои замин аллакай 400 гектараш дубора барои киштукор ба хоҷагиҳои кишоварзӣ баргардонида шудааст.

Ба қавли Т.Саидов, барои ҷуброни хисороти расида қонуншиканон дар маҷмӯъ ба миқдори 216 ҳазору 410 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки аз ин миқдор аллакай 165 ҳазору 374 сомониаш рӯёнида шудааст.

«Ба мо лозим омад, ки ҷиҳати ёрӣ расонидан 57 маротиба ба мақомоти судӣ ва 50 маротибаи дигар ба мақомоти додситонӣ муроҷиат намоем, то ки замини ғайриқонунӣ ишғолшударо озод намуда, ҷаримаҳоро рӯёнем», – таъкид кард номбурда. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.