Раиси «Амонатбонк» бо медали ҷашнӣ сарфароз гашт.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова медали ифтихорӣ ва ҷашнии «10 солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай»-ро расонид. Мукофоти мазкур барои хизматҳои шоиста ва саҳми беназир дар ташкилу фаъолият дар созмони мазкур аз тарафи Котиботи генералии СҲШ, ки дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Қазоқистон онро ба зима […]

ASIA-Plus


Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова медали ифтихорӣ ва ҷашнии «10 солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай»-ро расонид. Мукофоти мазкур барои хизматҳои шоиста ва саҳми беназир дар ташкилу фаъолият дар созмони мазкур аз тарафи Котиботи генералии СҲШ, ки дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Қазоқистон онро ба зима дорад, мукофотонида шудааст.

Тавре аз хадамоти матбуоти ва рекламаи БДА «Амонатбонк» хабар доданд, БДА ҶТ «Амонатбонк» намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳодия байнибонкии СҲШ чанд сол ин ҷониб ба ӯҳда дорад. Тӯли солҳои намояндагии Амонатбонк ҳамкориҳо дар доираи созмони мазкур рушд ва вусъати тоза гирифта, як идда корҳои назаррас бо мамолики аъзои ин созмон рӯи кор омаданд. Аз ҷумла ҳамкориҳо бо яке ташкилотҳои молиявии Ҷумҳурии Мардумии Чин – Бонки давлатии рушди Чин дар чанд соли охир хеле хуб ва самарабахш мебошад.

Маҳз тавассути ҳамкориҳо дар доираи СҲШ имрӯз як зумра пружаҳои инвеститсионӣ, сармоягузориҳо ба соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ дар ҷумҳурӣ пиёда мешаванд. Қисмати муҳим ва назарраси ин лоиҳаҳо тавассути Амонатбонк дар кишвар, сурат мегирад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.