Суди олӣ ҳукм нисбат ба падари Алӣ Бедакиро бетағйир боқӣ гузошт

Ҳайати мушовараи кассатсионии Суди олии ҶТ ҳукми содиршуда нисбат ба Музаффар Давлатов, падари яке аз собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ)-ро бетағйир боқӣ гузошт. Музаффар Давлатови 73-сола моҳи январи соли гузашта ба гумони даст доштан дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки ӯро писараш сарварӣ мекард, боздошт шуда буд. Моҳи ноябри […]

Наргис Ҳамробоева


Ҳайати мушовараи кассатсионии Суди олии ҶТ ҳукми содиршуда нисбат ба Музаффар Давлатов, падари яке аз собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ)-ро бетағйир боқӣ гузошт.

Музаффар Давлатови 73-сола моҳи январи соли гузашта ба гумони даст доштан дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки ӯро писараш сарварӣ мекард, боздошт шуда буд. Моҳи ноябри соли гузашта ӯ ба ин амал айбдор дониста шуда, ба муҳлати 7 соли зиндон маҳкум гардид.

«Маҳкумшуда ва вакили мудофеи ӯ ба ҳукми суд розӣ нашуда, ба таври кассатсионӣ нисбат ба он эътироз оварданд. Аммо бо таъиноти ҳайати мушовараи судии Суди олӣ ҳукми суд бетағйир боқӣ гузошта шуда, шикояти кассатсионии маҳкумшуда қонеъ карда нашуд», – гуфт манбаъ.

Писари М.Давлатов – Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алӣ Бедакӣ, соли гузашта ҳамроҳи гурӯҳи начандон зиёди ҳаммаслаконаш дар натиҷаи баргузор намудани амалиёти бузургмиқёси хадамоти махсуси ҷумҳурӣ дар водии Рашт кушта шуд.

Ин амалиёт пас аз дар дараи Камароб ба қатораи автомашинаҳои Вазорати мудофиа ҳамлаи мусаллаҳона кардани гурӯҳи мусаллаҳи Алӣ Бедакӣ сурат гирифт. Он замон 28 нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ҳалокат расида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.