Шукурҷон Зуҳуров ҳамтои покистонии худро ба Тоҷикистон даъват кард

Чанде қабл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Спикери Ассамблеяи миллии ин кишвар доктор Фаҳмида Мирзо баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти сӯҳбат масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. З.Зубайдов иброз дошт, ки дар давоми соли […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Спикери Ассамблеяи миллии ин кишвар доктор Фаҳмида Мирзо баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти сӯҳбат масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

З.Зубайдов иброз дошт, ки дар давоми соли 2011 дар аксарияти самтҳо муносибатҳои ду кишвар босуръат инкишоф ёфтаанд. Рафтуомади соҳибкорону тоҷирон ба кишварҳои ҳамдигар афзудааст. Корхонаҳои муштарак тадриҷан бунёд ёфта, сатҳи тиҷорат боло меравад. Моҳи декабри соли 2011 сафари Сардори Кумитаи умумии ситодҳои артиши Покистон – Генерал Халид Шамим Вайн ба шаҳри Душанбе ва мулоқотҳои вай бо Роҳбарияти Тоҷикистон доир гардид, ки хеле манфиатнок буд.

Сафир зикр намуд, ки ҷиҳати густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳои судманд миёни парлумонҳои ду кишвар аз ҳар ду ҷониб кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Ӯ ба доктор Фаҳмида Мирзо Паёми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва даъвати ӯро ҷиҳати ташриф овардан ба Тоҷикистон супорид.

Доктор Фаҳмида Мирзо иброз дошт, ки Тоҷикистон барои Покистон ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ кишвари ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷониби Покистон, аз ҷумла парлумони он ҳамаҷониба ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои гуногунсоҳа кӯшиш менамояд. Фаҳмида Мирзо мулоқотҳои худро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Исломобод ва Теҳрон ёдовар шуда, эҳтирому сарфарозии худро бори дигар баён дошт.

Дар идомаи сӯҳбат сатҳи инкишофи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон муҳокима гардид.

Дар сӯҳбат ҳамчунин таъкид гардид, ки густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ба инкишоф ёфтани ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Покистон дар тамоми заминаҳо мусоидат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.