Тағйирот дар салоҳияту вазифаҳои нахуствазир ва муовини аввали ӯ

Бо Муовини якуми сарвазири кишвар таъин шудани Матлубхон Давлатов дар тақсими вазифаю салоҳиятҳои Сарвазир ва Муовини аввали ў баъзе тағйирот ворид мегардад. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро дар амалӣ намудани  фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ гузошта, масъалаҳои […]

ASIA-Plus


Бо Муовини якуми сарвазири кишвар таъин шудани Матлубхон Давлатов дар тақсими вазифаю салоҳиятҳои Сарвазир ва Муовини аввали ў баъзе тағйирот ворид мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро дар амалӣ намудани  фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ гузошта, масъалаҳои саноат, комплекси сўзишворию энергетикӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёту коммуникатсия, геология, нафту газ ва истифодаи канданиҳои фоиданок, масъалаҳои меъморӣ ва сохтмони асосӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард ва иншооти гидроэнергетикӣ, корҳои мелиоративӣ, назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкориро ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад, ба Шўрои миллии муқовимат ба коррупсия роҳбарӣ мекунад.

Сарвазири кишвар, ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ карда, ба шартномаю созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо мегузорад.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии соҳаи иқтисодиётро ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии кишварро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла сиёсати буҷету андоз, ҷалби сармоягузорӣ, фаъолияти мақомоти андоз ва гумрук, идораи моликияти давлатӣ ва ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ амалӣ ва назорат менамояд.

Муовини якум ҳангоми набудани Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ўро иҷро менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.