Мактабҳои шабона барои коргарҷавонон дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе ифтитоҳи якчанд мактабҳои шабона барои коргарҷавонон ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳар як ноҳияи шаҳр кушодани яктогӣ чунин мактаб пешбинӣ мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, омӯзиш дар ин мактабҳо бо забонҳои русиву тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад. Айни замон лоиҳаи дахлдор дар ин хусус омода […]

Валентина Кондрашова


Дар шаҳри Душанбе ифтитоҳи якчанд мактабҳои шабона барои коргарҷавонон ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳар як ноҳияи шаҳр кушодани яктогӣ чунин мактаб пешбинӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, омӯзиш дар ин мактабҳо бо забонҳои русиву тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад.

Айни замон лоиҳаи дахлдор дар ин хусус омода гардида, барои мувофиқа ба идораҳои дахлдор пешниҳод шудааст. Пас аз гирифтани тамоми хулосаҳо мӯҳлати оғози машғулиятҳо ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ муайян карда мешавад.

Бо анҷоми таҳсил толибилмон чун хонадагони макотиби таҳсилоти умумӣ номаи камолот мегиранд. Машғулиятҳо шомгоҳон дар вақти барои ҷавонон мувофиқ гузаронида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.