Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо як қатор сафирони кишварҳои хориҷӣ

Дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон хонум Дорис Ҳертрампф, Сафири Фаронса Анри Зиппер де Фабиани, Сафири ШМА Кеннет Гросс, кордори Британияи Кабир Марк Вудҳем ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Иштван Нитрай баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар […]

ASIA-Plus


Дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон хонум Дорис Ҳертрампф, Сафири Фаронса Анри Зиппер де Фабиани, Сафири ШМА Кеннет Гросс, кордори Британияи Кабир Марк Вудҳем ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Иштван Нитрай баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, вазири корҳои хориҷӣ зимни мулоқот сафиронро оид ба чорабиниҳои муҳими қарибулвуқӯъ, ки баргузориашон дар соли 2012 дар Тоҷикистон дар назар аст, воқиф намуд.

Ба иттилои манбаъ, вазир таваҷҷӯҳи ҳайатро ба раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли равон дар Душанбе баргузор хоҳад гардид, ҷалб намуд.

Зикр гардид, ки вазири корҳои хориҷӣ изҳор доштааст, баргузории чунин чорабинии муҳим ба ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ хизмат намуда, барои ҷалби бештари Афғонистон ба ҳамкориҳои иқтисодӣ заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Ҳамчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Хитойро таъкид намуда, бо қаноатмандӣ дастовардҳои назаррас ва муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишварро дар ояндаи наздик табодули назар карданд.

Ҳамзамон мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла масоили марбут ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон ва баргузории Панҷумин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCА V, 26-27 марти соли 2012, Душанбе) мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.