Суди олӣ ҳукм нисбат ба падари Алӣ Бедакиро бетағйир боқӣ гузошт

Date:


Ҳайати мушовараи кассатсионии Суди олии ҶТ ҳукми содиршуда нисбат ба Музаффар Давлатов, падари яке аз собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ)-ро бетағйир боқӣ гузошт.

Музаффар Давлатови 73-сола моҳи январи соли гузашта ба гумони даст доштан дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки ӯро писараш сарварӣ мекард, боздошт шуда буд. Моҳи ноябри соли гузашта ӯ ба ин амал айбдор дониста шуда, ба муҳлати 7 соли зиндон маҳкум гардид.

«Маҳкумшуда ва вакили мудофеи ӯ ба ҳукми суд розӣ нашуда, ба таври кассатсионӣ нисбат ба он эътироз оварданд. Аммо бо таъиноти ҳайати мушовараи судии Суди олӣ ҳукми суд бетағйир боқӣ гузошта шуда, шикояти кассатсионии маҳкумшуда қонеъ карда нашуд», – гуфт манбаъ.

Писари М.Давлатов – Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алӣ Бедакӣ, соли гузашта ҳамроҳи гурӯҳи начандон зиёди ҳаммаслаконаш дар натиҷаи баргузор намудани амалиёти бузургмиқёси хадамоти махсуси ҷумҳурӣ дар водии Рашт кушта шуд.

Ин амалиёт пас аз дар дараи Камароб ба қатораи автомашинаҳои Вазорати мудофиа ҳамлаи мусаллаҳона кардани гурӯҳи мусаллаҳи Алӣ Бедакӣ сурат гирифт. Он замон 28 нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ҳалокат расида буданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...