Боз як микрорайони нави Кӯлоб бо гази табиӣ таъмин гардид

Шурӯъ аз 11-уми январи соли ҷорӣ боз як микрорайони манзилҳои зисти баландошёнаи шаҳри Кӯлоб бо гази табиӣ таъмин карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов хабар дод, бо ду баробар афзоиш ёфтани интиқоли газ аз ноҳияи Балҷувон ин кор муяссар гардидааст. «Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҳасан-К» якчанд чоҳҳоро барқарор намуда, ҳаҷми интиқоли […]

Турко Дикаев


Шурӯъ аз 11-уми январи соли ҷорӣ боз як микрорайони манзилҳои зисти баландошёнаи шаҳри Кӯлоб бо гази табиӣ таъмин карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов хабар дод, бо ду баробар афзоиш ёфтани интиқоли газ аз ноҳияи Балҷувон ин кор муяссар гардидааст.

«Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҳасан-К» якчанд чоҳҳоро барқарор намуда, ҳаҷми интиқоли гази табиӣ ба шаҳри Кӯлобро аз 4,5 то 10 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз афзуд», – гуфт муовини раиси шаҳр ва илова кард, ки бо назардошти вақти қатъи барқ реҷаи интиқоли газ ба се микрорайон тартиб дода шудааст, то ки соҳибхоназанон тавонанд дар ин вақт аз газ истифода намоянд.

Ба қавли Неъматов, бо гармшавии обуҳаво қисмате аз ҳаҷми газ ба корхонаи истеҳсоли хишти шаҳри Кӯлоб фиристода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.