Соли гузашта дар Тоҷикистон 76 диссертатсия ҳимоя шуд

Соли гузашта дар пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон 76 диссертатсия, аз ҷумла 9 кори илмӣ барои дарёфти унвони доктори илмҳо ҳимоя шуданд. Зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов изҳор кард, ки соли сипаришуда ҳаҷми маблағи ғайрибуҷетӣ, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ барои рушди илми Тоҷикистон ҷудо карда шуданд, 3,6 млн. доллари ИМА-ро […]

Аваз Юлдошев


Соли гузашта дар пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон 76 диссертатсия, аз ҷумла 9 кори илмӣ барои дарёфти унвони доктори илмҳо ҳимоя шуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов изҳор кард, ки соли сипаришуда ҳаҷми маблағи ғайрибуҷетӣ, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ барои рушди илми Тоҷикистон ҷудо карда шуданд, 3,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ба гуфтаи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, соли 2011 зилзиласанҷони тоҷик як захираи компютерии нодири маълумотномаро тартиб доданд, ки бо истифода аз методикаҳои навтарин ба ошкорсозии ҷойҳои бештар имконпазири ярчу тарқишҳо ҳангоми заминларзаи сахт имкон медиҳад.

«Соли гузашта коркунони саноати кимиёи Тоҷикистон тарзи муайян кардани холестерин дар таркиби хуни инсонро таҳия намуданд, ки барои ташхиси як қатор бемориҳои ҷигар, дил ва дигар узвҳои инсон муфид аст», – зикр кард М.Илолов.

Дар идома президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ зикр кард, ки аз ҷониби кормандони пажӯҳишгоҳи мушкилоти об, гидроэнергетика ва экологияи Тоҷикистон методикаи дарозмуҳлат ва фаврии пешгӯйии сатҳи ҷоришавии оби рӯдхонаҳои кишвар таҳия шудааст, ки дар асоси он метавон ба беҳбуди кори нерӯгоҳи барқӣ бо обанбораш муваффақ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.