Тағйирот дар сохтори ҳукумат – занон мардонро иваз карданд

Date:


Дар ҳайати роҳбарии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ идома дорад. Ба вазифаи роҳбарӣ як зумра занон таъин карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, бо қарорҳои ҳукумат Шӯҳратҷон Раҳматбоев муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Манзура Маҳкамова муовини раиси кумитаи мазкур таъин карда шуданд.

Ҳамчунин бо қарори ҳукумат бинобар бо сабаби ба кори дигар гузаштан муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Шукрулло Раҳимназаров аз вазифа озод гардида, ба ҷойи ӯ Ҷамила Саидова таъин гардид.

Марҳабо Алимова муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар, Елена Лашкарбекова муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик», Каромат Саидова муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, Татяна Холмуродова муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумат ва Марҳабо Султонова муовини директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин гардиданд.

Муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Сӯҳроб Валимадов, муовини директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Нозимшо Сарошоев, муовини сардори Хадамоти алоқа Қадамҷон Сафиев бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаашон озод карда шуданд. Қ.Сафиев мудири маркази иттилоотӣ-техникии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бо фармони сарвари давлат 10-уми январ Фатҳулло Бӯриев бинобар ба нафақа рафтанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шуд. Самандар Бобоев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи мазкур таъин гардид.

Ғайр аз ин, Субҳиддин Баҳриддинов муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди президент ва Барно Саидвалиева муовини директори маркази мазкур таъин карда шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...