Коршиносон вуқӯи ихтилофи низомӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро рад мекунанд

spot_imgspot_img

Дата:


Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мӯътақид аст, ки ихтилофоти низомӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вуқӯъ нахоҳад пайваст.

«Мо ҳамсояем, бо Ӯзбекистон мо манфиавтҳои умумии зиёд дорем, бо ин халқ хеле наздикем ва аз ин рӯ, ҳеҷ гуна ихтилофот рух нахоҳад дод», – гуфт ӯ дар посух ба саволи журналистон дар бораи эҳтимоли рух додани ихтилофи низомӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон.

Ба гуфтаи С.Сафаров, президенти Ӯзбекистон бо гирифтани номаи президенти Тоҷикистон дар бораи таъминот бо газ ба муовини аввали нахуствазир Рустам Азимов ҷиҳати дар фурсати наздиктарин ҳал кардани масъалаи мазкур супориш додааст.

Сафаров изҳори умедворӣ намуд, ки ҳаракати қатораҳо дар самти ҷануби кишвар барқарор гардида, «минбаъд дигар ҳеҷ мушкилоте пайдо нахоҳад шуд». «Моро лозим нест, ки якдигарро гунаҳкор созем, – гуфт вай. – Ба камбудиҳо аз ҳарду ҷониб роҳ дода мешавад».

Дар ҳамин ҳол, роҳбари раёсати сиёсати хориҷӣ ва рушди иқтисоди хориҷии Маркази тадқиқоти стратегӣ Абдунабӣ Сатторзода бар ин назар аст, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бар зарари манфиатҳори Ӯзбекистон амал накардааст. «Афзоиши нерӯҳои низомии Ӯзбекистон дар марз танҳо ба як ҳодиса рабт дорад ва «ин далелро ба эҳтимоли рух додани ихтилофи низомӣ миёни кишварҳо набояд алоқаманд кард».

Ба гуфтаи ӯ, ба беҳбуди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ояндаи наздик набояд умедвор шуд. «Бад шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чанд соли ахир ба мушоҳида мерасанд. Мутаассифона, ин раванд сол то сол афзоиш меёбад. Ояндаи наздик чунин тамоил дар муносибатҳо боқӣ хоҳад монд», – афзуд вай.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...