Чэн Чжили: Чин минбаъд низ таҳкими истиқлолияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ   Чэн Чжилиро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори солгарди 20-уми муносиботи дипломатии Тоҷикистону Чин ташриф овардани намояндаи воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чинро нишонаи сатҳи баланди равобити дўстона ва ҳамкории […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ   Чэн Чжилиро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори солгарди 20-уми муносиботи дипломатии Тоҷикистону Чин ташриф овардани намояндаи воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чинро нишонаи сатҳи баланди равобити дўстона ва ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуд.

 «Мавқеи Тоҷикистон доир ба ягонагӣ ва якпорчагии кишвари ҳамсоя бо принсипи «Чини Ягона» устувору тағйирнопазир аст», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

 Чэн Чжили  ҳам муносиботи ду кишварро дорои хислати дўстӣ, ҳамсоягии наку ва ҳамкорию ҳамшарикии гуногунпаҳлў номида, таъкид дошт, ки ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ таҳкиму тақвияти истиқлолияти ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

 Гуфтугўи судманд доир ба роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Чин сурат гирифт.

 Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2011 нисбат ба солҳои аввали муносиботи дипломатии ду кишвар 600 маротиба афзудааст.

 ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои энергетикӣ, саноатӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, аз қабили бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва ғайра, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, таъкид доштанд.

 ҳамчунин доир ба роҳҳои мусоидат ба эҳёи иқтисодиёти Афғонистон ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар он ва ҳамшарикии Тоҷикистону Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.