Коршиносон вуқӯи ихтилофи низомӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро рад мекунанд

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мӯътақид аст, ки ихтилофоти низомӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. «Мо ҳамсояем, бо Ӯзбекистон мо манфиавтҳои умумии зиёд дорем, бо ин халқ хеле наздикем ва аз ин рӯ, ҳеҷ гуна ихтилофот рух нахоҳад дод», – гуфт ӯ дар посух ба саволи журналистон дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мӯътақид аст, ки ихтилофоти низомӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вуқӯъ нахоҳад пайваст.

«Мо ҳамсояем, бо Ӯзбекистон мо манфиавтҳои умумии зиёд дорем, бо ин халқ хеле наздикем ва аз ин рӯ, ҳеҷ гуна ихтилофот рух нахоҳад дод», – гуфт ӯ дар посух ба саволи журналистон дар бораи эҳтимоли рух додани ихтилофи низомӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон.

Ба гуфтаи С.Сафаров, президенти Ӯзбекистон бо гирифтани номаи президенти Тоҷикистон дар бораи таъминот бо газ ба муовини аввали нахуствазир Рустам Азимов ҷиҳати дар фурсати наздиктарин ҳал кардани масъалаи мазкур супориш додааст.

Сафаров изҳори умедворӣ намуд, ки ҳаракати қатораҳо дар самти ҷануби кишвар барқарор гардида, «минбаъд дигар ҳеҷ мушкилоте пайдо нахоҳад шуд». «Моро лозим нест, ки якдигарро гунаҳкор созем, – гуфт вай. – Ба камбудиҳо аз ҳарду ҷониб роҳ дода мешавад».

Дар ҳамин ҳол, роҳбари раёсати сиёсати хориҷӣ ва рушди иқтисоди хориҷии Маркази тадқиқоти стратегӣ Абдунабӣ Сатторзода бар ин назар аст, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бар зарари манфиатҳори Ӯзбекистон амал накардааст. «Афзоиши нерӯҳои низомии Ӯзбекистон дар марз танҳо ба як ҳодиса рабт дорад ва «ин далелро ба эҳтимоли рух додани ихтилофи низомӣ миёни кишварҳо набояд алоқаманд кард».

Ба гуфтаи ӯ, ба беҳбуди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ояндаи наздик набояд умедвор шуд. «Бад шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чанд соли ахир ба мушоҳида мерасанд. Мутаассифона, ин раванд сол то сол афзоиш меёбад. Ояндаи наздик чунин тамоил дар муносибатҳо боқӣ хоҳад монд», – афзуд вай.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.