Коршиносон: Соли 2012 иқтисоди Тоҷикистон рушд хоҳад кард

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Олимҷон Бобокалонов изҳор кард, ки агар омилҳои асосӣ ба эътибор гирифта шавад, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2012 рушд хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар сатҳи соли 2011, яъне 7% боқӣ хоҳад монд. Бобокалонов рушди иқтисод дар соли равонро пеш аз ҳама […]

Пайрав Чоршанбиев


Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Олимҷон Бобокалонов изҳор кард, ки агар омилҳои асосӣ ба эътибор гирифта шавад, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2012 рушд хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар сатҳи соли 2011, яъне 7% боқӣ хоҳад монд.

Бобокалонов рушди иқтисод дар соли равонро пеш аз ҳама ба рушд дар бахши энергетика, яъне пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ва як қатор нерӯгоҳҳои барқии хурд рабт медиҳад.

Ӯ таъкид кард, ки соли равон ҳукумат ба рушди бахши саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир сохта, ифтитоҳи корхонаҳои нав дар саноати сабуку хӯрокворӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дар назар аст.

«Пас аз бӯҳрони солҳои 2008-2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ коҳиш ёфт. Соли равон бошад, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 5% ноил гардидем», – гуфт Бобокалонов ва умедвор кард, ки «соли равон нишондиҳандаҳои хубтар ба даст оварда хоҳанд шуд».

Ба андешаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар як сатҳ боқӣ мондани нархҳо ба маҳсулоти асосии кишвар – алюминий ва нахи пахта низ ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард.

«Коршиносони байнулмилалӣ пешгӯйӣ мекунанд, ки нимаи аввали соли 2012 нархҳо ба алюминий ва нахи пахта дар бозори ҷаҳон бетағйир боқӣ хоҳанд монд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.