Таҳияи дастури истилоҳоти динӣ бо забони русӣ

Барои донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дастури истилоҳоти динӣ бо забони русӣ таҳия мегардад. То ин замон донишҷӯёни ин муассиса тибқи китобҳои дарсии «Русская грамматика» ва «Практические курсы русского языка» таълим мегирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муаллифони дастур, омӯзгори забони русии донишкадаи мазкур Ширинбек Назаров хабар дод, ҳарчанд донишҷӯён забони русиро меомӯзанд, вале то […]

Меҳрангез Турсунзода


Барои донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дастури истилоҳоти динӣ бо забони русӣ таҳия мегардад. То ин замон донишҷӯёни ин муассиса тибқи китобҳои дарсии «Русская грамматика» ва «Практические курсы русского языка» таълим мегирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муаллифони дастур, омӯзгори забони русии донишкадаи мазкур Ширинбек Назаров хабар дод, ҳарчанд донишҷӯён забони русиро меомӯзанд, вале то ҳанӯз дар донишкада ягон дастури истилоҳоти динӣ бо забони русӣ вуҷуд надошт. Айни замон дастур дар ҳоли таҳия қарор дошта, пеш аз нашр бо Вазорати маориф ва Кумитаи умури дин мувофиқа карда мешавад. Муаллифи дигар дастур омӯзгори ҳамин донишгкада Баргигул Асоева мебошад.

Ба гуфтаи Назаров, айни замон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон донишҷӯён танҳо дар соли аввали таҳсил забони русиро меомӯзанд. Миқдори соатҳои дарсии забони русӣ 106 соатро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягона мактаби олии динӣ дар ҷумҳурӣ буда, феълан дар он аз рӯйи 5 ихтисос 1 ҳазору 411 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 427 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.