АНМН: Мусодираи беш аз 100 кило маводи мухаддир

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як амалиёти бобарори  аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира кардани ҳаҷми ниҳоят калони маводи мухаддирро дар соли ҷорӣ анҷом доданд, ки барои бо роҳи қочоқ интиқол додан аз Афғонистон ба воситаи қаламрави Тоҷикистон ва баъдан ба кишварҳои ИДМ  омода шуда буд. Тавре аз Агентии назорати маводи мухаддири назди […]

ASIA-Plus


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як амалиёти бобарори  аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира кардани ҳаҷми ниҳоят калони маводи мухаддирро дар соли ҷорӣ анҷом доданд, ки барои бо роҳи қочоқ интиқол додан аз Афғонистон ба воситаи қаламрави Тоҷикистон ва баъдан ба кишварҳои ИДМ  омода шуда буд.

Тавре аз Агентии назорати маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси оперативӣ-ҷустуҷӯии бисёрмарҳила дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумони қочоқи маводи мухаддир микроавтобусе нигоҳ дошта шуд, ки аз ҷониби  шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон, пеш суд нашудааст ва муваққатан кор намекунад, идора мешуд.

Ҳангоми азназаргузаронии автомашина бо кӯмаки саги хизматӣ-ҷустуҷӯии “Дора” аз дохили он 196 адад бастаи пресскардашудаи китобмонанд бо маводи ҷигариранг ва 2 адад баста бо маводи зардчатоби бӯи махсус дошта, ёфт ва мусодира гардиданд. Ҳамчунин дар вақти  азназаргузаронии шахсӣ аз ҷайби дастгиршуда 5 ҳазору 300 доллари америкоӣ кашф ва мусодира карда шуд.

Мутобиқи хулосаи Шӯъбаи ташхиси судии Агентӣ маводҳои мусодирашуда воситаҳои нашъаовари ҳашиш бо вазни қариб 100 кило ва героин бо вазни 1 килову 933 грамм буданд. Ҳар як пластинаи китобмонанд мӯҳр ва навиштаҳои хати арабӣ доштанд, ки ин баёнгари сифати баланди мухаддирот мебошад. Вазни умумии маводи нашъадори мусодирашуда бештар аз 101 килоро ташкил дод.

Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ дар ҳаҷми ниҳоят калон бо мақсади фурӯш) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар айни замон нашъаҷаллоб дастгир гардидааст. Бо мақсади ошкор намудани шахсони ба ин ҷиноят алоқаманд нисбати вай чорабиниҳои тафтишотӣ гузаронида мешаванд.

Дастгиршударо ҷазои ҷиноии аз 12 то 20 сол бо мусодираи молу амволаш интизор аст.

Миқдори умумии мухаддироти мусодирагардида аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи арзиши “бозори сиёҳ” бештар аз 42 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро ташкил медиҳад. Дар мавриди ба “бозор”-ҳои Федератсияи Россия ва кишварҳои Аврупо бурдан нархи он якчанд маротиба баланд мешуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.