Додоҷон Атовуллоев: «Ман ҳушёриро аз даст додам»

Шаби 13-уми январ дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав ба журналисти тоҷик Додоҷон Атовуллоев дарафтода, ӯро захмӣ намуданд. Ин ҳодиса миёни соатҳои 9 ва 10-и шаб дар тарабхонаи итолиёвии «Виаҷио» ба вуқӯъ пайваст. Ба ӯ шахси «симои осиёидошта» дарафтода, ду маротиба бо корд зарба задааст. Д.Атовуллоев дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ба номи Склифосовский мунтақил […]

Новая газета


Шаби 13-уми январ дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав ба журналисти тоҷик Додоҷон Атовуллоев дарафтода, ӯро захмӣ намуданд.

Ин ҳодиса миёни соатҳои 9 ва 10-и шаб дар тарабхонаи итолиёвии «Виаҷио» ба вуқӯъ пайваст. Ба ӯ шахси «симои осиёидошта» дарафтода, ду маротиба бо корд зарба задааст. Д.Атовуллоев дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ба номи Склифосовский мунтақил гардида буд. Ба тасдиқи табибон, ҷарроҳӣ хуб гузашта, ҳоли ҳозир ба ҳаёти журналист чизе таҳдид намекунад.

Тавре нашрияи «Новая газета» менависад, Додоҷон Атовуллоев чаҳор рӯз дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ гардида, шоми рӯзи душанбе ба палатаи умумӣ гузаронида шудааст. Феълан ҳарчанд ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид накунад ҳам, ҳолати ӯ вазнин боқӣ мемонад.

Атовуллоев ба хабарнигори «Новая газета» ҳикоят кардааст, ки ҳамон рӯз ӯ бо якчанд дипломати хориҷӣ мулоқот карда, шом боз бо як тан аз ҳамватанон вохӯрӣ доштааст. «Тахминан соатҳои 21:00 ман аз хона баромада, зимни гузаштан аз ҷойи торик марди ношиносеро дидам. Ман дарҳол фаҳмидам, ки ӯ тоҷик аст ва танҳо бо ман саломуалейк карданист», – гуфтааст Д.Атовуллоев.

Ба гуфтаи ӯ, шахси симои тоҷикидошта бесадо назди ӯ омада, ба ӯ ду зарбаи корд мезанад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Ӯ иброз доштааст, танҳо баъдтар фаҳмидааст, ки як зарбаи корд танҳо як сантиметр дуртар аз дил гузаштааст.

«Афтударафт таваҷҷуҳи мардуми кӯчаро ҷалб сохт ва танҳо ҳамин маро наҷот дод. Сипас ман то дари наздиктарини рӯшноидошта (тарабхона) расида, дархост кардам, ки «ёрии таъҷилӣ»-ро даъват намоянд», – гуфтааст ҷабрдида.

Дар ҳамин ҳол, дар посух ба суоли хабарнигор перомуни он, ки оё ин суиқасд аз ҷониби ҳамдиёре, ки ба вохӯриаш мешитофт, ташкил карда нашудааст, Д.Атовуллоев посух додааст, ки ӯро хуб мешиносаду ба вай эътимод дорад.

«Танҳо ман хеле беэҳтиёт шуда, ҳушёриро аз даст додам. Тайи 20 соли муҳоҷирати маҷбурӣ ман ба таҳдидҳо нисбати худ одат кардам ва кайҳост, ки ба онҳо аҳамият намедиҳам. Тайи чанд рӯзи ахир бошад, таъқиб аз пайи худро худро ҳис мекардам, вале ин ҳам маро ба ҳушёрӣ водор насохт ва ба ин сабаб имрӯз дар чунин ҳолам», – гуфтааст Атовуллоев.

Журналист мӯътақид аст, ки суиқасд ба ҷони ӯ фармоиши сиёсӣ аст.

«Баъди як сол дар Тоҷикистон интихоботи навбатии президентӣ доир мегардад ва ҳукуматдорон тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳанд дод, то ки нерӯҳои мухолифро аз байн баранд. Моҳи феврали соли гузашта мақомоти додситонии Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштани ман дар терроризм парвандаи ҷиноӣ боз карда, аз Русия талаб кард, ки маро истирдод намояд, вале муваффақ нашуд. Моҳи сентябри соли 2011 ҳамсафони наздики президенти Тоҷикистон бо ман вохӯрда, аз ман оштӣ шудан бо президентро хоҳиш карданд. Пешниҳод карданд, ки ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон омада, дар назди ҳамагон ба созиш оем. Аммо ман рад кардам», – гуфтааст ҳамсӯҳбати хабарнигори нашрия.

Тезутунд шудани муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар мавриди маҳкум намудани халабонони русу эстонро низ ӯ яке аз ин сабабҳо номидааст.

Атовуллоев бар ин назар аст, ки ӯ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки бо президент Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид кунад ва аз ин рӯ, ба ватан барнамегардад. Ӯ тасдиқ месозад, ки пас аз суиқасд ба ҷонаш ба дурустии роҳи интихобкардааш итминон ҳосил кардааст.

«Ман дигар роҳи интихоб надорам. Мо фаъолияти ҳаракати худ «Ватандор»-ро густариш бахшида, бо роҳи осоишта истеъфои Эмомалӣ Раҳмонро талаб хоҳем кард», – афзудааст Д.Атовуллоев.

Бино ба маълумоти нашрияи русиягӣ, тафтишоти ҳодисаи суиқасд ба ҷони Атовуллоев ба дӯши гурӯҳи фавриву тафтишотии ШКД «Хамовники» вогузор шудааст. Хешовандон ва наздикони Атовулллоев аз ҷараёни тафтишот изҳори норозигӣ кардаанд. Аз оғози тафтишот чанде нагузашта, аллакай муфаттиш иваз шудааст. Айни замон гурӯҳи тафтишотиро Олга Малярчук сарварӣ менамояд. На худи Додоҷону на наздиконаш то ҳол ӯро надидаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.