Натиҷагирӣ аз фаъолияти маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Бошқирдистон

Ба наздикӣ дар шаҳри Уфа ҷаласаи ҷамъбастии маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ба номи «И.Сомонӣ»- и Ҷумҳурии Бошқирдистон гузаронида шуд. Тавре аз Маркази матбуоти хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷаласа донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон (тақрибан 65 нафар), Президенти маркази миллӣ-фарҳангии туркманҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон- Сапармурад Шанглиев ва Роҳбари Созмони миллӣ-фарҳангии ҷумҳуриявии доғистониҳои ба номи Р.Ғамзатов- […]

ASIA-Plus


Ба наздикӣ дар шаҳри Уфа ҷаласаи ҷамъбастии маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ба номи «И.Сомонӣ»- и Ҷумҳурии Бошқирдистон гузаронида шуд.

Тавре аз Маркази матбуоти хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷаласа донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон (тақрибан 65 нафар), Президенти маркази миллӣ-фарҳангии туркманҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон- Сапармурад Шанглиев ва Роҳбари Созмони миллӣ-фарҳангии ҷумҳуриявии доғистониҳои ба номи Р.Ғамзатов- Магамед Ҳамид Султонмагаметов иштирок намуданд.

Роҳбари Маркази миллӣ-фарҳангӣ Баротбек Ҷалолов ҳамаро бо Соли нави мелодӣ табрик намуда, аз кори шашмоҳаи иттиҳодияи миллии тоҷикон ҳисобот дод. Нақшаи кори марказ дар соли 2012 низ матраҳ гардид. Ба гуфти ӯ, нимсолаи охир барои мустаҳкам намудани дӯстии байни тоҷикон ва намояндагони халқиятҳои дигари Бошқирдистон ва дастгирии ҳамватанони дар ин ҷумҳурӣ зисту зиндагонидошта равона карда шуда буд.

 Дар рафти вохӯрӣ як қатор намояндагони баландмартабаи диаспораҳои тоҷики Уфа мукофотонида шуданд. Ба беҳтарин донишҷӯён, то охири соли таҳсил стипендияҳо ҷудо карда шуд.

Ҷаласа бо консерти ҳофизони эстрадаи тоҷик, намоишнома (спектакл), ва дигар ананаҳои миллӣ, ба охир расид.

Мо ба Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон Рустэм Ҳамитов, барои мустаҳкам намудани дӯстии байни миллатҳо дар давоми сол изҳори миннатдории худро баён менамоем,- қайд намуд Баротбек Ҷалолов ба Агентии «БАШИНФОРМ». Инчунин иброз намуд, ки бо вуҷуди дастовардҳо як қатор камбудиҳо низ дар кори ҳамарӯзаи мо вуҷуд дорад, ки барои матраҳ намудани онҳо дар бисёр мавридҳо ба мо роҳбарияти Хонаи дӯстии халқҳои Бошқирдистон кӯмак мерасонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.