Боздошти донишҷӯ бо як миқдор ҳашиш дар вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд бо як миқдор маводи мухаддири ҳашиш донишҷӯи яке аз мактабҳои олии вилоят боздошт гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни баргузории амалиёт аз ҷониби кормандони Шӯъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири РКД дар кӯчаи Энгелси шаҳри Чкаловск автомашинаи таҳти идораи сокини 22-солаи Хуҷанд, […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд бо як миқдор маводи мухаддири ҳашиш донишҷӯи яке аз мактабҳои олии вилоят боздошт гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни баргузории амалиёт аз ҷониби кормандони Шӯъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири РКД дар кӯчаи Энгелси шаҳри Чкаловск автомашинаи таҳти идораи сокини 22-солаи Хуҷанд, донишҷӯйи яке аз мактабҳои олии вилоят М.М. боздошт мегардад.

Дар ҷараёни азназаргузаронии автомашина аз бордони он бастаи полиэтиление дарёфт мегардад, ки дар дохили он 3,8 кило маводи мухаддири ҳашиш мавҷуд буд.

Аз рӯйи ин далел нисбат ба М.М. парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Раёсати АНМН вилояти Суғд, соли гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 575 кило маводи нашъаоварро мусодира намуданд, ки 133 килои он героин мебошад.

Дар содир намудани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 297 сокини вилоят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки 23 нафарашон занонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.