Моддаи нав дар парвандаи роҳбари ширкати «Мовароуннаҳр»

Ба роҳбари ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов, ки айни замон ба иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, азхудкунии воситаҳо ва фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ дар курсии айбдорӣ нишастааст, айбномаи нав пешниҳод шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати судшаванда Шӯҳрат Қудратов хабар дод, Прокуратураи генералӣ нисбат ба Охунов мутобиқи моддаи 253-и КҶ ҶТ (Расонидани зарари молу мулкӣ […]

Наргис Ҳамробоева


Ба роҳбари ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов, ки айни замон ба иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, азхудкунии воситаҳо ва фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ дар курсии айбдорӣ нишастааст, айбномаи нав пешниҳод шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати судшаванда Шӯҳрат Қудратов хабар дод, Прокуратураи генералӣ нисбат ба Охунов мутобиқи моддаи 253-и КҶ ҶТ (Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи  фиреб ё сўиистифодаи боварӣ) боз як парвандаи ҷиноии нав боз намуд.

«Айни замон корҳои тафтишотӣ оид ба ин парванда анҷом ёфта, он ба суд фиристода шудааст ва сипас он ба парвандаи асосӣ ҳамроҳ карда мешавад», – гуфт Қудратов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуда буд, ки Прокуратураи генералӣ ба гузаронидани санҷиши такрории фаъолияти молиявӣ-хоҷагии ширкат дастур додааст, зеро санҷиши қаблӣ танҳо солҳои 2007-2010-ро фаро мегирифт. Феълан фаъолияти ширкат дар солҳои 2005-2006 низ санҷида мешавад, ки он замон низ ширкат барои сохтмон аз шахсони ҳуқуқиву воқеӣ маблағ гирифта буд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли гузашта ба директори генералии ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов мутобиқи моддаи 245-и КҶ ҶТ (Азонихудкунӣ ё камомад) низ айбномаи нав пешниҳод гардида буд. Ҷ. Охунов дар азонихудкунӣ ё камомади 750 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 150 ҳазор $), ки аз ҷониби Агентӣ оид ба бимаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои сохтмони ду бинои зертобеъ дар манотиқи кишвар ҷудо гардида буд, айбдор карда шуда буд.

«Мутобиқи қарордодҳои баимзорасида миёни ҷонибҳо, ин биноҳо бояд ахири соли 2010 мавриди истифода қарор меирифтанд, вале Охунов аз моҳи ноябри соли 2010 дар маҳбас қарор дорад ва аз он замон фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» қатъ гардида, аз ин рӯ, иншооти мазкур ба истифода дода нашуданд. Мақомоти додситонӣ ба роҳбари ширкат ин айбҳоро нисбат дода, мутобиқи моддаи мазкури КҶ парвандаи ҷиноӣ боз кард», – гуфта буд он замон адвокат Ш. Қудратов.

Ӯ ҳамчунин иброз дошта буд, ки дар маводи парванда далелҳои исботи ба камомад роҳ додани маблағи мазкур (750 ҳазор сомонӣ) аз ҷониби Охунов ё ширкати «Мовароуннаҳр мавҷуд нестанд. «Сохтмони иншоот то ҳабси Охунов мувофиқи реҷаи муқаррашуда сурат гирифта буданд ва корҳои сохтмонӣ қисман ба анҷом расонида шудаанд. Ба маблағи боқимонда масолеҳи сохтмон харида шудааст, ки айни замон дар анборҳои ширкат нигаҳдорӣ мешаванд», – афзуда буд Қудратов.

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд. Баътар ба ин боз як моддаи дигар – «фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ» зам гардид.

Ёдрас мекунем, ки санҷиши фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» ошкор сохт, ки барои сохтмони тамоми иншоот ширкат 135 млн. сомонӣ хароҷот кардааст, ки 108 млн. сомонии онро маблағи саҳҳомон, қарзҳои бонкӣ ва ҳамчунин воситаҳои тендерӣ барои сохтмони иншооти бахши иҷтимоӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.

Маблағи боқимондаи 27 млн сомонӣ воситаҳои шахсии Ҷурабек Охунов мебошанд, ки ба тиҷорати сохтмонии шахсиаш маблағгузорӣ шудаанд. Саҳмҳои хусусии аҳолӣ ба 62 млн. сомонӣ баробаранд.

Мутобиқи хулосаи санҷиш, «маблағҳои гирифта аз саҳҳомон, муассисаҳои бонкӣ ва ғайра мувофиқи таъинот истифода гардида, далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ошкор нагардидааст».  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.