Эҳтимоли то ду баробар кам шудани шумори андозҳо

Муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Рустам Ҷабборов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки шумори андозҳо дар Тоҷикистон метавонад аз 21 то 11 шумор поин оварда шавад. Ба гуфтаи вай, гурӯҳи корӣ қисми асосии лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири навро таҳия намуда, айни замон он мавриди баррасии комиссия оид ба таҳияи кодекси нав қарор […]

Пайрав Чоршанбиев


Муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Рустам Ҷабборов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки шумори андозҳо дар Тоҷикистон метавонад аз 21 то 11 шумор поин оварда шавад.

Ба гуфтаи вай, гурӯҳи корӣ қисми асосии лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири навро таҳия намуда, айни замон он мавриди баррасии комиссия оид ба таҳияи кодекси нав қарор дорад. «Дар ҳуҷҷат кам кардани шумори андозҳо то 11 номгӯй пешниҳод мегардад, аммо шумори андозҳои пешниҳодшуда дар қисми махсус, ки омодагӣ ба он пас аз баррасии қисми асосии лоиҳаи Кодекс оғоз мегардад, метавонад тағйир ёбад», – гуфт ӯ.

Р.Ҷабборов зикр кард, ки зимни таҳияи лоиҳаи Кодекси нави андоз мувофиқи имкон ҳамаи пешниҳодот ба эътибор гирифта мешаванд. «Дар робита ба таҳияи Кодекси нави андоз аз соҳибкорон, мақомоти андоз, созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар андозсупорандагон беш аз 800 пешниҳодоту тавсияҳо ворид шуд», – гуфт  муовини раиси кумита.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов зикр кард, ки мақомоти андоз тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ки Кодекси нав ҳуҷҷате гардад, ки ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мусоидат намояд.

«Мо кӯшиш мекунем, ки лоиҳаи Кодекси нав ба ҳукумати кишвар то 1-уми апрели соли равон пешниҳод карда шавад», – гуфт Н.Давлатов.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумат моҳи июни соли 2010 таҳти сарварии вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав таъсис дода шуд. Дар қарор гуфта шудааст, ки лоиҳа бояд на дертар аз 1-уми апрели соли ҷорӣ таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод гардад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.