Ифтитоҳи шашумин Гӯшаи Амрико дар Ғарм

Сафири ИМА Кен Гросс дар ифтитоҳи шашумин гӯшаи амрикоӣ дар Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Ғарм ҷойгир шудааст, иштирок намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафир Гросс ба ҳукумати маҳаллии Ғарм, ширкати Тоҷиктелеком, ташкилоти ғайридавлатии “Маърифатнокӣ” ва Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак дар кушодани ин гӯша изҳори ташаккур намуд. Сафорати ИМА биноро бо максади  […]

ASIA-Plus


Сафири ИМА Кен Гросс дар ифтитоҳи шашумин гӯшаи амрикоӣ дар Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Ғарм ҷойгир шудааст, иштирок намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафир Гросс ба ҳукумати маҳаллии Ғарм, ширкати Тоҷиктелеком, ташкилоти ғайридавлатии “Маърифатнокӣ” ва Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак дар кушодани ин гӯша изҳори ташаккур намуд. Сафорати ИМА биноро бо максади  истифодаи ройгон аз ҷониби  мактаббачагон, муаллимон ва муттахассисон  таъмир намуда, ҳашт адад компютер бо пайвасти шабакаи интернетии босуръат , садҳо китоб ва DVD дискхоро бо забони англисӣ таъмин намуд. Маблағи умумӣ барои таъмир, ҷиҳоз, таҷҳизот ва маводҳо бо забони англисӣ зиёда аз 30 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар маросим Муовини раиси ноҳияи Ғарм Тошалӣ Муқимов ва намояндагони Тоҷиктелеком, ҳукумати маҳаллӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, муаллимон ва мактаббачагон иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳ Сафир Гросс қайд намуд: “Гӯшаҳои амрикоӣ бо шабакаи интернетӣ, китобҳо ва ДВД-ҳои ройгон таъминанд. Онҳо дар бораи фарҳанг, арзишҳои амрикоӣ ва барномаҳои Сафорати ИМА маълумот медиҳанд. Вале мақсади гӯша бо ин маҳдуд нест. Он имкониятҳоро барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва таҳаммулпазирӣ  пешниход мекунад. Мо умедворем, ки гӯшаи амрикоӣ ба мардум дар шинохти Амрико ва ҷаҳон кӯмак мерасонад.”

Сафорати ИМА ҳамоҳангсози  доимиро барои кӯмак ба истифодабарандагон, ташкили маросимҳо ва барномаҳои иловагӣ оид ба омӯзиши забони англисӣ таъмин менамояд. Инчунин, танзимгар маълумотро дар бораи барномаҳои табодули ҳукумати ИМА ва низоми супурдани хуччатхоро  ба донишгоҳҳои амрикоӣ таъмин менамояд.

Ҳоло Сафорати ИМА гӯшаҳои амрикоиро дар Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Хуҷанд дастгирӣ менамояд.  Ҳар як гӯшаи амрикоӣ бо шабакаи интернетии ройгон, маводҳои таълимӣ бо забони англисӣ намоиши барномаҳои ҳукумати Амрико, машварат оиди таҳсил,  клубҳо, муаррифиномаҳо ва вебчатҳо оид ба фарҳанг ва арзишҳои амрикоӣ таъмин менамояд. Гӯшаҳои амрикоӣ ин яке аз роҳҳои мухталифи дастгирии  ҷавонони Тоҷикистон  аз ҷониби мардуми Амрико мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.