Даъвати вазири корҳои хориҷии Нидерланд ба Тоҷикистон

Дар шаҳри Лаҳай мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев бо Вазири корҳои хориҷии Нидерланд Ури Розентал барпо гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд. Сипас Р. Солиев ба манзури Вазири корҳои хориҷӣ оид ба […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Лаҳай мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев бо Вазири корҳои хориҷии Нидерланд Ури Розентал барпо гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд. Сипас Р. Солиев ба манзури Вазири корҳои хориҷӣ оид ба тадорукоти Панҷумин Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки 26-27 марти соли 2012 дар ш.Душанбе дар назар аст, ахбороти муфассал пешкаш гардонид. Сафири тоҷик ба Вазири корҳои хориҷии Нидерланд барои иштирок дар ҳамоиши мазкур аз номи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон даъватнома супорид. Маълумоти манзургардида ва даъват бо изҳори қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.