«Тоҷик Эйр» ҳавопаймоҳои даврони шӯравиро мефурӯшад

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҷиҳати бо ҳайаташ ба лизинг додани ҳавопаймоҳои истеҳсоли шӯравӣ гуфтушунид дорад. Ба гуфтаи директор дар умури тиҷорат ва муносиботи байнулмилалии ширкати «Тоҷик Эйр» Исмоил Ғаффоров, солҳои наздик ширкат ният дорад, ки парки ҳавопаймоҳоро нав намояд. «Барои бекор намондани ҳайати сарнишинон ва кормандони техникии ҳавопаймоҳое, ки қаблан истифода мешуданд, ин ҳавопаймоҳо бо […]

Заррина Эргашева


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҷиҳати бо ҳайаташ ба лизинг додани ҳавопаймоҳои истеҳсоли шӯравӣ гуфтушунид дорад.

Ба гуфтаи директор дар умури тиҷорат ва муносиботи байнулмилалии ширкати «Тоҷик Эйр» Исмоил Ғаффоров, солҳои наздик ширкат ният дорад, ки парки ҳавопаймоҳоро нав намояд. «Барои бекор намондани ҳайати сарнишинон ва кормандони техникии ҳавопаймоҳое, ки қаблан истифода мешуданд, ин ҳавопаймоҳо бо ҳайати шахсӣ ва кормандони техникиаш ба лизинг дода мешаванд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ҳамчунин ҳавопаймоҳое, ки дар ширкат нигаҳдорӣ мешаванд, низ ба фурӯш гузошта мешаванд. «Феълан аз 36 ҳавопаймо танҳо 14-тоаш коршоям буда, боқимонда муддати зиёдест, ки дар ширкат нигаҳдорӣ мешаванд. Миёни онҳо ҳавопаймоҳои Ту-134 ва Як-40 низ мавҷуданд», – иброз дошт Ғаффоров.

Намояндаи ширкти ҳавоаймоӣ изҳор кард, ки як қатор ширкатҳо хоҳиши хариди ҳавопаймоҳои корношоями ширкатро кардаанд ва шояд чанде аз ин ҳавопаймоҳо ба қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо ва фурӯхта шаванд.

Ғаффоров зикр кард, ки тамоми масоили марбут ба фурӯши ҳавопаймоҳо бо Кумитаи амволи давлатӣ мувофиқа хоҳанд шуд, зеро ин муассисаи давлатӣ  молики ягонаи ширкати ҳавопаймоӣ аст.

Ба гуфтаи директори техники ҶСК «Тоҷик Эйр» Сӯҳроб Ҷӯраев, ба навъи боркаш табдил додани чанде аз ҳавопаймоҳои мусофирбар ба нақша гирифта шудааст, вале барои ин вақти зиёд, таҳияи тарҳи техникӣ ва маблағи пулӣ зарур аст.

Бино ба маълумоти ширкат, соли гузашта барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани ҳавопаймоҳои дар истифода қарордошта беш аз 20 млн. сомонӣ маблағ хароҷот шудааст.

 Айни замон дар парки ҳавопаймоии ширкати «Тоҷик Эйр як ҳавопаймои Боинг 757-200, ду Боинг 737-500, як Боинг 737-300, ду Ту-154М, як Ан-24, як Ан-26, ду Ан-28, як Як-40 ва се чархболи Ми-8МТВ мавриди истифода қарор доранд.

Ғайр аз ин, ахири соли гузашта ширкати «Тоҷик Эйр» як ҳавопаймои МА-60-и истеҳсоли Чинро дастрас кард. Айни замон ҷиҳати баҳори соли равон харидани боз як ҳавопаймои Ма-60 бо корпоратсияи чиноии Xian Aircraft International Cooperation гуфтушунид идома дорад.

Соли 2011 ширкати «Тоҷик Эйр» дар бораи нияти дастрас кардани ду ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100-и истеҳсоли Русия дар соли 2014 созишнома ба имзо расонид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 170 млн доллар кам шуд

Мақомот то охири соли боз ду баробар коҳиш додани онро ба нақша гирифта, лекин ният доранд, ки қарзҳои бештар бузург ҷалб созанд.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.